Quantcast
Viewing all 547 articles
Browse latest View live

Ҷавонзани ҳисорӣ кӯдаки 10 моҳаашро кушт

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Гуруснамарг

Шабнам чанд рӯз боз азият мекашид. Дилаш аз гиряи кӯдакаш  реш-реш мешуд, вале наметавонист барояш шир харад. Он ҳам дар водии файзбахши Ҳисор. Наметавонист ба кӯдакаш ғизо харад, дар ҳоле, ки шавҳараш коргар аст, хушдоманаш ҳам.

Фотимаи даҳмоҳа сахт гурусна буд ва беист фиғон кашида мегирист. Кӯдаки бечора шир мехост, аммо модар наметавонист шикамчаи ӯро сер кунад. Фотимачаи хурдакак парвои бепулии модар надошт, вай ҳамоно почакзанон гиря карда, шир мехост, зеро хумори «Бейби» гирифта будаш. Шабнам бо дили реш давид ба берун, ба сӯйи мағоза, аммо фурӯшанда «Бейби»-ро қарз надод, зеро ҳанӯз қарзҳои пештараашро бар нагардонида буд. Ҷавонзан навмед ба хона баргашт ва дар косача шӯрбо кашида, шикамчаи духтаракашро сер карданӣ шуд, аммо кӯдак инҷиқӣ карда, шӯрбо нахӯрад. Бо умед як пиёла қандчойро тарит кард, ки шояд Фотима онро хӯрда ором мегирад, вале духтарча бо дастаконаш пиёлаи қандчойро зада афтонд ва боз дасту почак зада, ғаш кард…

 

Модари афгору кӯдаки бемор

Чанд рӯз боз аҳвол ҳамин буд. Кӯдак шикамдард шуда буд, бар замми ин, шираш тамом шуда, бе ғизо монд, аз ҳамин сабаб шабу рӯз ғаш карда, чирросзанон мегирист. Чунон сахт мегирист, ки гумон мекардӣ кӯдакро каждум ё мори афъӣ газидааст. Шабнам сарашро ба сад дар зад, ки барои табобати фарзандаш пул қарз гирифта дору харад, аммо касе дасташро нагирифт. Чанд бор ба дорухона рафта, хост дору қарз гирад, вале фурӯшанда бе пул ба ӯ ягон дору надод. Ҷавонзан аз ин зиндагии нобасомон ба ҷон расида буд. Аслан, мебоист дар чунин ҳолатҳо ба шавҳар ва хушдоманаш такя кунад, вале ин кӯдак барои падар ва бибиаш дилбазан буд.

 

«Гурбаи сиёҳ»

Шабнаму Ҳуршед соли 2008 оиладор шуданд. Дар ибтидо ҳама чиз хуб ва зану шавҳари ҷавон ба ҳамдигар мисли Лайлию Маҷнун қарину меҳрубон буданд. Баъди як соли оиладоршавияшон, соли 2009 фарзанди аввалинашон–Акбар ба дунё омад. Соли 2012 Кибриё таваллуд шуд. Тавлиди фарзанд оиларо мустаҳкам месозад, вале афзудани шумораи кӯдакон ба Шабнам баръакс мушкилот овард. Миёни келину хушдоман гӯё «гурбаи сиёҳ» гузашта бошад, муносибати модаршӯяш бо ӯ якбора бад шуд. Кампир ба ҳар як кори келин эрод гирифта, баҳудаю беҳуда ӯро неш мезад. Оқибат кор ба дараҷае расид, ки Шабнам аз ғур-ғури хушдоман ҷонбезор шуда, қаҳр карда ба хонаи модараш рафт.

 

Бозгашт ба хонаи шавҳар

Вақти қаҳр карда ба хонаи модараш рафтани Шабнам шавҳараш дар Русия буд, баъди аз муҳоҷират баргаштан хотири ду фарзандаш вай занашро дубора ба хона овард. Шабнам умед дошт, ки акнун муҳити оилаашон ором мешавад, аммо беҳ нашуд, ки бадтар шуд. Ситораи келину хушдоман ҳеҷ бо ҳамдигар рост наомад, ки наомад. Дар як ҳавлӣ, зери як бом зиндагӣ карда, онҳо ҳар рӯз бо ҳам ҷангу пархош мекарданд. Бечора шавҳараш дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳайрон монда буд ҷавонмард ва намедонист тарафи киро бигирад. Модарашро тарафгирӣ кунад, ҳамсараш меранҷид, занашро пуштибонӣ намояд, модараш хафа мешуд…

 

«Дарди сар»

Шабнам боз ҳомиладор шуд. Пайвандонаш хурсанд буданд, ки шояд баъди ин муносибати келину хушдоман беҳтар мешавад, аммо… Ҷангу ҷанҷоли онҳо рӯз аз рӯз зиёдтар мешуду камтар не, билохира кор ба ҷое расид, ки дар як ҳавлӣ зиндагӣ карда, зиндагониашонро  ҷудо карданд. Дегу чакдон ҷудо, шодӣ ҷудо, аммо ғам боз якҷоя. Боз ҳам ҷангу пархош, боз мӯканиву рӯканӣ…

Фотима таваллуд шуд. Духтарчаи дӯстрӯву хушрӯяке буд навзод, аммо ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, ки чунин тифлаки бе нуқсонро насибашон гардонидааст, шавҳару хушдоманаш мудом Шабнамро сарзаниш мекарданд, ки чаро боз як фарзанди дигар зоида бори онҳоро вазнинтар кард.  

-Писари ман ғуломи фарзандони ту-мӣ? Ту зойидан гир, бачаи бечораи ман ҷон коҳондаю азоб кашида нон ёбад,-сари ҳар қадам норозиёна пичинг мезад хушдоманаш.

Оҳиста-оҳиста Фотима калонакак мешуд ва дигар шири модар барояш кифоят намекард. Духтур ба ӯ хӯроки сунъии «Бейби» фармуду баъди ин зиндагии бе ҳамин ҳам тираю тори Шабнам боз ҳам сиёҳтар шуд.

-Кӯдак не, як дарди сари зиёдатӣ зоидааст, ин беақл! Акнун бачаяки бечораи ман маҷбур аст, ки як умр ғуломвор кор карда, шиками инҳоро сер кунад,-фарёд зад хушдоманаш нархи «Бейби»-ро шунида.

 

Ҳавлии наву мушкилоти куҳна

Талх ва сахту сангин буд зиндагии Шабнам дар хонаи шавҳар, аз ин рӯ ба ҳавлии нав кӯчид, то асабҳояш каме ором бигиранд, вале рӯзгори тирааш дар манзили нав ҳам ранги шодӣ нагирифт. Шавҳараш, ки мисли дигар ҷавонмардони диёр ба Русия мардикорӣ рафта буд, ҳар бори занг задан Шабнамро ҳақорат дода мегуфт: 

-Гуфта будам, ки дигар назой, ту беақл бошӣ, боз таваллуд карда, як проблемаамро садто кардӣ!

Хуршед миннаткунон моҳе 1000 то 4000 рубли русӣ мефиристод. Барои таъмини оилае, ки се фарзанди хурдсол дорад, ин маблағ кифоят намекард. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъзе душманон танҳоияшро дастак карда, дар бораи Шабнам ҳар хел гапу калочаҳои нохуш паҳн мекарданд. Ҳамаи ин кам буд, ки боз кӯдакаш бемор шуд, чанд рӯз боз аз гуруснагию касалӣ як лаҳза ором нагирифта, мегиряду мегиряд… 

 

Фарзандашро кушту…

Фотимаи хурдакак боз чиррозанон ба гиря даромад. Асабҳои аз гирудори зиндагии пур аз моҷаро ва ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ кайҳо харобшудаи Шабнам дигар тоқати бардоштани овози кӯдакро надоштанд, гиряи духтарчаи дардмандаш ба асабаш мисли теғ мехалид…

Билохира, тоқаташ тоқ шуд ва рӯймолро гирифта ҷониби Фотимаи хурдакак равон шуд ва …

Вай бехудона рӯймолчаро дар гардани тифлаки маъсум тоб дода ба ду тараф кашид. Сахт кашид. Фотимаи хурдакак чанд бор дар талвосаи ҷон дасту по зад, вале Шабнам гӯё кӯр шуда буду ин ҷонбозиҳои як пораи ҷонаш, фарзандашро намедид. Вай ҳамоно рӯймоли дар гардани тифлак тобдодашударо ба ду тараф мекашид. Азроил, агар ин манзараро медид, шояд ба ҳоли тифлаки бечора раҳмаш омада гиря мекард, вале зиндагии нобасомон Шабнамро аз маликулмавт ҳам бераҳмтар гардонида буд. Вай бехудона рӯймолро то даме кашид, ки тифлак аз дасту по задан бозмонд ва ҷон шикамчаи гуруснаю танаки лоғари беморашро тарк гуфт.

Даҳшат

 Шабнам вақте ба худ омад, ки дилаки хурдакаки Фотима аз тапидан бозмонд. Дигар нафас накашидани кӯдакашро дида ҷавонзан ба даҳшат афтид. Фиғони ҷонкоҳе аз қаъри дилаш бархост. Пушаймон буд зан аз кори кардааш, вале дигар аз пушаймонӣ суде набуд. Шабнам гирёну нолон худро ба кӯча зада ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонд. Хонааш дар як лаҳза пур аз одам шуд. Марги нобаҳангоми тифлаки маъсум ҳамаро ба ҳайрат оварда буд. Вақте ҳамсояҳои ҳайратзада сабаби якбора фавтидани кӯдакро пурсон шуданд, Шабнам аз тарс дурӯғ гуфт, ки духтарчаашро аз табби баланд шайтонламиш гирифта, нафаскашиаш якбора қатъ гаштааст, вале табибон изи сурхи аз рӯймолча дар гардани кӯдак боқимондаро дида, пай бурданд, ки тифлак бо аҷали худ намурдааст ва дарҳол ба кормандони милитсия занг заданд.

 

Модар дар зиндону…

Суд кирдори бераҳмонаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ Ҳабибова Шабнам Ҳабибовнаро мувофиқи қонун банду баст карда, ин модари фарзандкушро ба муҳлати 16 сол равонаи зиндон намуд. Моҷароҳои пай дар пайи оилавӣ ва камбудии рӯзгор ин ҷавонзани 27- соларо ба қотили фарзанд табдил доданд. Шабнам бо тамғаи сиёҳи-модари фарзандкуш беҳтарин даврони ҳаёт-ҷавониашро дар пушти панҷараи маҳбас паси сар хоҳад кард. Тақдири ду фарзанди дигари ин ҷавонзани як умр рӯсиёҳгашта чӣ мешавад, касе намедонад.

Акнун хушдомани Шабнам во вайло мегӯяд…

Шавҳараш во вайло мегӯяд…

Аммо аз ин вовайлову ашку нолаҳо дигар суде нест…

О. НОЗИР

   

Тегхо:

Addthis: 

Дар Ӯзбекистон марде баъди шиканҷаи додситонҳо худкушӣ кард

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Ғиёсиддин Исомиддинов, сокини 55-солаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон баъди лату кӯб шудан дар мақомоти додситонӣ, дар боғчаи хонааш худро овехтааст.

Нодира Солиҷонова, ҳамсари Ғиёсиддин мегӯяд, нисбати шавҳараш бо айби фурӯши ғайриқонунии замин ва гирифтани пора дар ҳаҷми 15 ҳазор доллари ИМА парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд.

Тавре ин зан мегӯяд, кормандони додситонӣ барои дарёфти нишондодҳои мусбатшавҳарашро шиканҷа кардаанд.

- Баъди он ки ӯро дар додситонӣ лату кӯб карданд, хешовандонамон ба хона оварданаш. Вай хеле руҳафтода шуда буд. Мегуфт, афроди ҷавон ӯро лату кӯб карда, маҷбур сохтаанд, ба гуноҳоне, ки вай содир накардааст, иқрор шавад. Изи талу кӯб дар пойҳо ва дасту панҷаҳояш намоён буд. Вақте ба хона омад, гуфт, бачаҳое, ки ҳамсоли фарзандони ман ҳастанд, дасту поямро бастанду заданд. Ман аҳволи ӯро дида, гиристам, - мегӯяд Нодира.

Ба гуфтаи ин зан, фардои ҳодиса шавҳараш худро овехтааст. Нодира кормандони додситониро айбдор медонад. Ба қавли ин зан, вай ба мақомот шикоят бурда, хостааст, гунаҳкорони ҳодиса ҷазо дода шаванд.

Addthis: 

"Ҷаҳони андеша"вожаи тоҷикро баҳс мекунад

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и Академияи илмҳо решашиносии вожаи тоҷик дар сарчашмаҳои таърихии тоисломӣ, аз ҷумла юнонӣ, чинӣ, арманӣ ва тибетӣ ба баҳс кашида мешавад. 

Тибқи иттилои дастандаркорони маҳфил дар ин мавзуъ Саидмурод Бобомуллоев, доктори илми таърих суханронӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки мавзуи мавриди назар аз мавзуъҳои пурбаҳс дар доираи олимон ва ховаршиносон буда, сари он ихтилофоти назари бисёре вуҷуд дорад.
Оғози маҳфил 14-уми июн соли ҷорӣ, соати 14.00. 

Addthis: 

Ҳукумати Қазоқистон қавонини динниро пурзӯр мекунад

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Дар робита бо ҷалби мардум ба гурӯҳҳои радикалӣ ва ҷараёнҳои динии мухолиф, ки бештар дар анҷуманҳои ғайрирасмӣ ба вуқӯъ мепайвандад, вакилон механизмҳои назорати чунин амалҳоро матраҳ хоҳанд кард.


 Ҳукумати Қазоқистон мехоҳад дар сатҳи қонунгузорӣ талаботи гузаронидани ҷамъомадҳои оммавии динниро, ки берун аз масҷидҳо сурат мегирад, пурзӯр намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба сардори Кумитаи  дини вазорати фарҳанг ва варзиши ҷумҳурӣ Галим Шойкин.

Ба гуфти ӯ имрӯзҳо ҷалби мардум ба динҳои мухолиф ва гурӯҳҳои террористӣ на дар масҷидҳо, балки дар маҷлисҳои ғайриқонунӣ, масалан дар хонаҳо сурат мегирад.

Дар робита бо ин ҳукумати кишвар масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи фаъолияти диннӣ ва иттиҳодияҳои диннӣ"-ро, ки қонуни асосӣ дар бахши дин буда, қоидаҳои фаъолияти ғайриқонунии иттҳодияҳои динниро танзим мекунад, муҳокима намояд.

"Бо мақсади маҳдуд сохтани имкониятҳои гузаронидани ҷамъомадҳои ғайриқонунии диннӣ аз ҷумла дар хонаҳо ва дигар ҷойгҳои пинҳонӣ, мо тасмим дорем қонунгузориҳоро вусъат диҳем. Қонунгузорӣ аллакай ҳаст, вале онро бояд васеъ намуд",-менависад оҷонсӣ аз суханони Шойкин.

Ӯ қайд кард, ки ҳукумати кишвар дар ин масъала аллакай таҷриба дорад, ин масъала шурӯъ аз соли 2011- матраҳ шудааст, акнун  бояд  фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ вусъат ёбад.

Шойкин аз ибрози тафсилоти тағйиру иловаҳо ба қонун худдорӣ намуда, қайд кард, ки онҳо бо вакилони парлумонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

"Мо бояд маълум намоем, ки бо кадом роҳ имкониятҳои ҷамъомадҳои ғайриқонуниро маҳдуд созем. Ин масъала чанд рӯз пеш гузошта шуд, дар робита бо ҳодисаҳои охир (дар Актоб-шарҳ аз идора).. Барои ҳамин ин масъала дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Масъала оддӣ нест, чунки сухан дар бораи ҳуқуқи инсон меравад… Аз пулисҳои минтақавӣ назорати чунин ҳодисаҳоро талаб мекунем",-изҳор дошт ӯ.

Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии вилояти Актоб  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Тибқи маълумоти ВКД 13 ҷангӣ нобуд карда шуданд. Мувофиқи маълумоти охир ҳафт нафар дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти ВКД ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои радикалии динӣ будаанд.

Addthis: 

Сангпушт ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид ва шикораш манъ шуд

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Тоҷикистон шикори сангпуштро манъ карда, онро ба китоби сурх-китоби руйхати ҳайвоноти нодир дохил кардааст.

 

Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эълон шуд. Дар ин хусус Абдуқодирхон Маскаев, раҳбари Шӯъбаи назорати давлатии назорат ва ҳифзи набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додааст. Ӯ ба расонаҳо гуфта, ки ин пешниҳод аз ҷониби Институти биологи ва паразитологияи Академияи илмҳо сурат гирифт: "мо саршумори дақиқи сангпуштро дар кишвар намедонем. Чунки мониторинги саршумори онро институтҳои Академияи улум мегузаронанд. Маҳз бо пешниҳоди онҳо сангпушт ба Китоби Сурх ворид карда шуд."

Оқои Абдуқодир Маскаев омилҳои настшавии сангпуштро гуногун медонад. Ба ақидаи ӯ, коркарди бештари заминҳои кишоварзӣ, яъне омили антропологӣ низ боиси нест шудан сангпуш дар Тоҷикистон мебошад: "Вақте заминҳо шудгор мешавад дар бисёре аз маврид тухми он нест мешава. Ҳангоми дарави алаф низ дар дашту даман саршумори он метавонад кам шавад."

Ин бори аввалин аст, ки сангпушт ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил мешавад.

Addthis: 

Дафни Исҳоқ Табаров дар шаҳри Ваҳдат

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Маросими ҷаноза ва ба хоксупории Исҳоқ Табаров дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат доир гашт. Дар ин маросим як қатор чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа, аз ҷумла Бозор Собир, Нур Табаров, Меҳмон Бахтӣ ширкат намуданд.


Пайвандони Исҳоқ Табаров дар суҳбат ба расонаҳо гуфтанд, ки табибон иллати марги ӯро сактаи қалбӣ ташхис додаанд. Табибон гуфтаанд, ки марҳум аз нафасктангӣ азият мекашид ва вазнаш 20 килло кам шуда буд. 

Бояд гуфт, Исҳоқ Табаров рӯзи 12 июн дар бемористони "Якум Советсикий"-и шаҳри Душанбе аз олам чашм пушид.

Тайи ду соли ахир  ду фарзанди ӯ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгаро боздошт  ва зиндонӣ шуданд.

Ӯ яке аз вакилони дифои Зайд Саидов буд, ки то охирин лаҳзаҳо аз ҳуқуқҳои соҳибкори зиндонии тоҷик дифоъ кард ва аз вакили дифоъ будан даст накашид.

Addthis: 

Пурсиши динӣ: Таровиҳро дар хона хонам?

Image may be NSFW.
Clik here to view.

Бо омадани моҳи шарифи Рамазон, мусалмонон намози таровиҳ мехонанд.  Фаҳмидан мехостам, ки оё дар хона хондани намози таровиҳ дуруст аст?

Хайрандеши фархорӣ.

 

Посух

 Бо ҷамоат хондани намози таровиҳ суннати таъкидии кифоя аст, худи   намози таровеҳ бошад, суннати таъкидии айнӣ ба шумор меравад. Маънои суннати таъкидии айнӣ он аст, ки ҳар як марду зани ба балоғат расида суннати намози таровиҳро бихонад. Дар маҳалла таровиҳ ҷамоат хонда шавад, як нафари дигар дар хонаи худаш ҳам хонад, дуруст аст. 

 

Даму дуо беморро шифо мебахшад?

Дар бисёр деҳаҳо ва ҳатто шаҳр мабодо касе бемор шавад, ҳатман ӯро дуохонӣ мекунанд. Фаҳмидан  мехостам, ки дуои дам дар ҳақиқат вуҷуд дорад ё не?

Латофат Холиқова, н. Ҳисор.

 

Посух

Дуои даме, ки маъмулан мӯйсафедон ё кампирҳо мехонанд, иборат аз ояту зикрҳо буда, ба усули шариат зиддият надорад. Дар ҳолатҳои беморӣ ояту зикрҳоро хонда ба бемор дам (шуф) кардан асли шаръӣ дорад, зеро дар вақташ саҳобагони Расули Худо (с) чунин амалҳоро анҷом дода, сипас ба назди паёмбар омада нақл карда буданд ва Расули Худо (с) онҳоро манъ накарда, баръакс ризоият доданд.  («Руҳул-маонӣ», ҷ. 3, саҳ.137).

 

Рӯза нагирӣ, намозат қабул мешавад?

Бо сабаби гармии ҳаво бисёриҳо рӯза намегиранд, вале намозҳои панҷвақта ва таровиҳ мехонанд. Мехоҳам донам, ки  агар одам рӯзаро хӯрда, ҳар шом ба намози таровиҳ равад, намозаш қабул мешавад?

Мирзораҳими вахшӣ.

 

Посух

Хондани намози таровиҳ ва пардохти садақаи фитр ба рӯза доштан ва ё надоштан рабте надорад. Бидуни узр хӯрдани рӯза албатта гуноҳ аст, вале рӯза ибодати алоҳида, намоз ибодати алоҳида аст. Шахсе, ки рӯза намедорад, агар намози таровиҳ гузорад, намози хондааш дуруст мешавад ва умед аст, ки барои намозҳои таровиҳ соҳиби аҷру подош мегардад, вале беҳтар мешавад, ки рӯзаро низ бидорад.

 

Занро барои шаҳват никоҳ кунам?

Имрӯзҳо шумораи занҳои танҳо хеле зиёд шудааст. Оё имкон дорам, ки барои паст кардани шаҳвати худ бо яке аз чунин занҳо никоҳ кунам? 

Хонандаи «Оила».

Посух

Инсон дар табиати худ тибқи фармудаи Ислом дорои ду оташ аст, яке оташи шаҳват, дигаре оташи ғазаб. Оташи шаҳвати инсон ба сабаби издивоҷ хомӯш мегардад, аз ин лиҳоз издивоҷ суннати анбиё аст. Расули Худо (с) фармудаанд: «Никоҳ суннати ман аст, касе аз суннати ман рӯй гардонад, аз уммати ман нест». Никоҳ дар баъзе маврид фарз, дар баъзе ҳолат макруҳ ва дар баъзе ҳолат ҳаром аст. Дар ҳолате никоҳ фарз аст, ки эҳтимоли ба фаҳш кашида шудани шахси муҷаррад вуҷуд дорад. Мабодо хавфи талафи ҷон бошад, дар ин сурат никоҳ макруҳ ва агар яқин бошад, ки зулм дар ҳаққи ҳамсар мешавад, ҳаром маҳсуб меёбад. («Субҳун-нурӣ» шарҳи «Мухтасари Қудурӣ», ҷ. 2-юм, саҳ.142-143).

Дар китоби «Раддулмуҳтор» омадааст: «Никоҳ суннати муаккада аст, касе онро тарк кунад, осӣ мегардад. Шахс бо мақсади аз ҳаром дур будан ё талаби фарзанд никоҳ бандад, савоб мегирад. Танҳо ба хотири паст кардани оташи шаҳват ва лаззат бурдан никоҳ карда, одам савоб намегирад. (ҷ. 3, саҳ.7)

 

Рӯзаамро хӯрам?

Ҳолатҳое мешавад, ки дар миёни рӯз мо, занҳо одати моҳона мебинем ва дудила мешавем, ки рӯзаамонро хӯрем ё то шом нигоҳ дорем. Мегуфтед, ки дар чунин ҳолат чӣ бояд кард?

 Мунира.

Посух

Зане, ки баъд аз нияти рӯза дар давоми рӯз ба одати моҳона гирифтор мешавад, рӯзаи ҳамонрӯзааш эътибор надорад. Метавонад рӯзаашро хӯрад, аммо барои эҳтироми рӯза дар пеши омма чизе нахӯрад, беҳтар мешавад. Пас аз сипарӣ шудани одати моҳонааш зан бояд сару танашро шуста, пок шуда, рӯзаашро идома диҳад ва баъдан барои рӯзҳои хӯрдааш рӯзаи қазоӣ дорад. («Субҳун-нурӣ», саҳ. 333-336)

 

 

Бо занам мубошират кунам?

Моҳи рамазон омад. Мегуфтед, ки байни ифтор ва саҳархӯрак бо ҳамсар робитаи ҷинсӣ кардан мумкин ҳаст ё не?

Хайрулло.

 

Посух

Робитаи ҷинсӣ баъди ифтор то қабл аз дамидани субҳи содиқ дуруст аст, зеро маънии рӯза дар луғат тарки хӯрдан, ошомидан ва алоқаи ҷинсӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

(«Мухтасар-ул-виқоя», саҳ. 36-37)

 

Миҷгонҳоро дароз кардан  ҷоиз аст?

Саволи банда дар назари аввал шояд хандаовар намояд, вале барои ман ин масъала бисёр муҳим аст, бинобар ин, хоҳиш мекунам ҷавоби дақиқ диҳед. Оё барои мард дароз намудани мижгонҳо ба воситаи равған ҷоиз ҳаст ё не?

Абдурраҳмон, н. Ҷ. Румӣ

 

Посух

Аз нуқтаи назари дини мубини Ислом ҷисм амонати Аллоҳ аст ва бе зарурати шаръӣ худсарона, дар он дигаргунӣ даровардан дуруст нест. Шахсе, ки бе зарурат худсарона ба ҷисми худ дигаргунӣ ворид мекунад, мавриди лаънат қарор мегардад.

(«Фатовои Ҳиндия», ҷ. 1, саҳ. 114)

 

Ба одами  ботакаббур салом диҳам?

 

Баъзе одамон он қадар мағруру ҳавобаланданд, ки баъзан ҳатто ба саломи кас ҷавоб намедиҳанд. Бо чунин афрод чӣ гуна бояд муносибат намуд?

Хонандаи “Оила”.

Посух

Бандаи муъмин бояд дорои ахлоқи олии инсонӣ бошад. Мусалмон набояд аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дур шавад. Салом қарзи парвардигор аст, шумо ин қарзро иҷро кунед, алейк гирифтану нагирифтанаш кори ҳар шахс аст. Мабодо шахсе ба саломатон ҷавоб надиҳад, дилмонда нашавед. Рӯзе фаро мерасад, ки он шахси мутакаббир хатои худро дарк мекунанд. Шумо аз рафтори неки худ даст накашед.

 

Агар рӯзаро фаромӯш кунӣ....

То одат кардан ҳолатҳое мешавад, ки кас рӯзадор буданашро  фаромӯш карда, беихтиёр об менӯшад ё ягон хӯрдании лазизро ба даҳон мебарад. Дар  чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?

Дилбар, ш. Душанбе.

 

Посух

Агар рӯзадор бо сабаби фаромӯшхотирӣ чизе хӯрад ё нӯшад ва ё бо ҳамсараш ҳамхоба шавад, рӯзааш намешиканад, бинобар ин, рӯзаи қазоӣ доштанаш воҷиб намешавад. Паёмбарамон (с) дар ин бора фармудаанд: Агар шахсе дар ҳоли рӯза доштанаш фаромӯш карда хӯрад ё нӯшад, рӯзаи худро ба охир расонад, зеро Худованд (ҷ) ӯро хӯронида ва нӯшонидааст.   (Бухорӣ. 1933, Муслим. 1673)

 

Тӯтиро дар хона нигоҳ дорем?

Имрӯзҳо дар аксари хонаҳо ба хотири зебогиву ширингуфториашон тӯтичаҳоро нигоҳ медоранд. Ин амал аз нигоҳи дини мубини Ислом ҷоиз ҳаст ё не? Умуман, паррандаҳоро дар хона нигоҳ дорем?

Нодира Алиева, ш. Душанбе

Посух

Аз нигоҳи дини ислом натанҳо тӯтӣ, балки дилхоҳ паррандаро дар қафас ё дар хона нигоҳ доштан боке надорад. Дар китобҳои ҳадис омадааст, ки ҷавоне бо номи Абӯумайр булбулеро дар қафас нигоҳ медошт, онро Паёмбар (с) медид ва манъ намекард ва аз Абӯумайр дар бораи аҳволи парранда пурсон мешуд, ки чӣ ҳол дорад.
 

 

Дастҳоро боло бардорем?

Дар ракъати сеюми намози витр чаро дастҳоро боло бардошта, боз мебанданд?

Ваҳоб Азимов, хонанда.  

 Посух

Зеро ҳолат дигаргун мешавад, яъне намозгузор аз ҳолати қироат ба ҳолати дуо мегузарад.

(“Субҳун-нурӣ”, шарҳи “Мухтасари Қудурӣ, саҳ. 189-190 )

 

 

Ҳангоми ҳайзу нифос чӣ кор кунем?

Мехоҳам донам, ки занҳо дар вақти ҳайзу нифос доштанашон рӯза гирифта метавонанд ё не? Агар дар ин рӯзҳо рӯза нагиранд, пас бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонанд?

Фотима.

Посух
 Зан ҳайз ё нифос бинад, рӯза гирифта наметавонад, аммо баъдан рӯзаи қазоӣ медорад. Зан дар ҳолати ҳайзу нифос метавонад ба зикри Худо машғул шавад. Аз Бибӣ Оиша (р) чунин ривоят мекунанд, ки ҳамсари гиромии паёмбар фармуда буданд: «Чун ҳайз медидем, ба мо амр мешуд, ки рӯзаро қазо дорем».

(Бухорӣ. 321) 

Тегхо:

Addthis: 
Viewing all 547 articles
Browse latest View live


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>