Ҳар гоҳ ӯро бубинам, раҳматӣ падараш ба ёдам мерасад. Ҳамон қаду қомат, ҳамон чеҳра, ҳамон чашму абрӯ, ҳамон табассуми малеҳ ва ҳамон овози ширадоре, ки ба нозуктарин тораҳои дили инсон нохун зада, касро ба дунёи дигар, ба олами руъёҳои ширин мебарад. Ба назар чунин мерасад, ки Худованд ба миллати тоҷик раҳм карда, булбули шӯридадили ҷавонмаргашро дубора дар симои фарзандаш эҳё намудааст. Инак, Муҳаммадрафӣ боз дар паҳлуи ман нишастааст. Ба ин ҷавони тануманди хушбурут, ки чашмонаш ба таври хеле аҷиб медурахшанд, нигариста эҳсос мекунам, ки бо хушхабаре омадааст.
Биҳишти Муҳаммадрафӣ
-Муҳаммадрафӣ, аз дидорат бисёр шодем! Чанд муддат хеле камнамо будӣ, гумон кардем, ки ба хориҷа кӯч бастаӣ…
-Тоҷикистони мо биҳишти рӯйи замин аст. Магар кас биҳиштро партофта меравад?!
-Манзурам эҷод буд, гумон доштем, ки мисли дигар ҳунармандони машҳури тоҷик дар Амрикову Фаронсаву Лондон консерт дода гаштаӣ.
-Албатта сафарҳои хориҷӣ ҳам дар нақша ҳастанд, вале мо бояд аввал ба мардуми худамон, ба миллати тоҷик аз сидқи дил хизмат намоем.
- Эҳсос мекунам, ки ту ҳам мисли раҳматии падарат бисёр ватандӯст-патриот ҳастӣ. Моҳи ноябр консерт дода будӣ, ним сол нагузашта боз консерт гузоштаӣ…
-Ҳама талошҳои мо барои мухлисон аст, то хотири онҳо ҳамеша шод бошад.
-Шод кардани хотири мухлисон ба кисаи Муҳаммадрафӣ зарар намерасонад, охир консерт хароҷоти бисёре металабад…? Ба фикрам ягон спонсори зӯр доред…
-Сарпараст надорам. Аслан, то имрӯз ману Нозия ҳарчи кардем, бо қувваи худамон кардем.
Нозия дар Ҳиндустон аз Айшвария Рай машҳуртар шуд
-Гуфтагӣ барин, Нозия дар куҷост? Вай дар консерт иштирок мекунад?
-Нозия дирӯз ҳамроҳи модарам ва духтарчааш аз сафари Ҳиндустон баргашт.
-Ба фикрам очаю духтар ошиқи он сарзамини муҳаббатофарин ҳастанд…
-Бале, мо оилавӣ ошиқи Ҳиндустон ҳастем. Падарам, ки ба он сарзамини ҳунархез муҳаббати зиёд доштанд, меҳри он диёр ба мо ҳам мерос мондааст.
-Нозия бо тифлаки ширмак дар мулки бегона азоб намекашад?
-Гумон намекунам, ки азоб кашида бошад, чунки имрӯз Нозияро дар Ҳиндустон хурду калон хуб мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд.
-Наход?!
-Мо як суруди Нозияро дар интернет партофта будем. Ин суруд дар Ҳиндустон «ХИТ» шудааст. Имрӯз дар сарзамини паҳновари Ҳинд дар тамоми маҳфилу маъракаҳо ин таронаи Нозияро месурудаанд.
-Дар Ҳиндустон барин кишвари бузург машҳур шудани як ҳунарманди ҷавони тоҷик воқеан боиси ифтихор аст. Муборакбодии моро албатта ба Нозиябону расонед!
-Ҳатман мерасонам!
-Нагуфтед, ки Нозия дар консерт иштирок мекунад ё не?
-Акнун вай бояд ҳамчун модар рисолати аввалиндараҷаашро дар зиндагӣ иҷро карда, тамоми вақту қуввату нерӯяшро баҳри тарбияи фарзандаш сарф намояд. Ба консерт биёяд ҳам, фақат ба сифати меҳмон меояд. Ин барнома ҳисоботи ҳунарии ман ҳамчун ҳунарманд дар назди мухлисонам аст, барои ҳамин шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат карда истодаам, ки консерт дар сатҳи баланд гузарад.
«Сюрприз-и Муҳаммадрафӣ
-Мегӯянд, ки Муҳаммадрафӣ дар консерти наваш ба мухлисон «сюрприз» карда, ҳамроҳи ситораи машҳури Шарқ-хонум Гугуш дуэт мехонад. Рост аст?
-Сюрприз ҳамон вақт сюрприз мешавад, ки онро то лаҳзаи охир касе надонад, барои ҳамин ман сирру асрори сюрпризҳои ин барномаро алҳол намекушоям. Фақат ҳамин қадар мегӯям, ки бори аввал консерти банда ба таври зинда мегузарад. Дигарашро мухлисон рӯзи 9-уми май дар Амфитеатр мебинанд.
-Майлаш, ба сюрпризҳоятон кордор намешавем, вале дар бораи ҳамкории Шумо бо хонум Юлдуз напурсида наметавонам. Мегӯянд, ки Юлдуз Усмонова бисёр ҳунарманди мағрур аст, ҳамроҳ суруд хондан он тараф истад, ҳатто ба саломи кас ҷавоб намедиҳад…
-Дили Юлдузро ман не, раҳматӣ падарам чандин сол пеш ёфта буд. Юлдуз Усмонова аз зумраи мухлисони ашаддии Кароматуллои Қурбон будааст, аз ҳамин хотир вақте ман пешниҳод намудам, ки ҳамроҳ дуэт сароем, бо ҷону дил қабул кард. Ногуфта намонад, ки ин дуэти аввалину охирини мо нест, минбаъд низ ҳамкориамонро идома медиҳем. Дар назар аст, ки чанд таронаро ҳарду якҷоя сабт ва наворбардорӣ намоем.
Эҷоди падар мероси мост
-Саволи навбатӣ шояд қаҳратро орад, вале онро надода наметавонам. Мегӯянд, ки Муҳаммадрафӣ аз ҷониби дигар ҳунармандони ҷавон бозхонӣ шудани сурудҳои падарашро чандон хуш надорад…
-Ин ҷо масъала тамоман дигар аст. Ман аз ҳунармандоне, ки сурудҳои падарамро бозхонӣ карданианд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пеш аз сабт кардани ин ё он суруди падарам маро ҳатман огоҳ созанд, чунки бисёр таронаҳои падарро ман худам оҳиста-оҳиста дубора коркард карда истодаам. Нашавад, ки як сурудро чанд кас, такрор ба такрор бисароем. Эҷодиёти Кароматуллои Қурбон як баҳри беканор аст, ҳар кас метавонад аз он об нӯшад, вале ҳар кор нозукиҳои худро дорад. Гумон мекунам, ки ман ҳамчун фарзанди ин марди ҳунар ба мероси ҳунарии ӯ ҳақ дорам.
-Аслан Муҳаммадрафӣ чӣ гуна инсон аст-зудранҷ ё бо таҳаммул?
-Ман шахси ҳақбину ҳақгӯям, эҳсос наоям, ки эроди гирифтаашон ҳақ аст ва дар ҳақиқат аз ман чунин хатое гузаштааст, ҳатман раҳмат гуфта аз пайи ислоҳи камбудии худ мешавам.
Дар боби фароғат
-Ҳунармандони тоҷик чемпионати футбол ташкил карда, ба дастаҳои алоҳида ҷудо шудаанд ва тез-тез вохӯриҳои рафиқона мегузаронанд. Шумо ба кадоме аз ин дастаҳо шомил ҳастед?
-Ман аз ин огаҳӣ дорам, вале мухлиси футбол, ки нестам, ба ин бозиҳо чандон аҳамият намедиҳам.
-Кадом навъи варзишро дӯст медоред?
-Ба ман варзиши сирф тоҷикона-гӯштин бисёр писанд аст.
-Агар санъаткор намешудед, гӯштингир мешудед?
-Не, лётчик мешудам.
-Чаро маҳз ҳавонавард?
-Намедонам, аз хурдӣ ин касбро дӯст медорам. Ҳар рӯз дар осмони беканор мисли парранда парвоз намудан! Шумо тасаввур мекунед, ки ин ба кас чӣ қадар кайфият бахшида метавонад?!
-Инро бояд аз лётчикҳо пурсид. Хуб, дигарон сурудҳои шуморо шунида истироҳат мекунанд, худи шумо хастагиатонро чӣ гуна мебароред?
-Ман ҳам куфтамро бо суруд мебарорам. Пас аз чандин шабҳои бедорхобӣ самари ҷустуҷӯҳои эҷодии худро шунидан ба кас кайфияти аҷибе мебахшад. Ин кайфиятро дар ягон чизи дигар ёфта намешавад!
Рашк-намаки зиндагӣ
-Иваз кардани лампочка, таъмири хона-ин корҳои сирф мардона магар кайфият намебахшанд?
-Медонед бурди асосии ман дар зиндагӣ чист? Дуруст интихоб кардани ҳамсар!
-Гуфтаниӣ, ки ҳама корҳои мардонаю занонаро янга мекунад?
-Қубурҳои об, лампочка, хариди маҳсулот-масъулияти ҳамаи ин кор ба зиммаи рафиқ занак гузошта шудааст. Ба бахти баланди банда ӯ бо сари баланд аз уҳдаи вазифаҳояш мебарояд.
-Пас, Муҳаммадрафӣ дар хона чӣ кор мекунад?
-Ман ҳам албатта кор мекунам!
-Масалан, чӣ кор?
-Масалан, дар рӯйи диван ғел мезанам. (механдад) Шӯхӣ кардам, вақти холигӣ пайдо шавад, албатта ба ҳамсарам кӯмак мерасонам, вале мо, ҳунармандон одамони серкор, ки ҳастем, модари бачаҳо интизор шуда намешинад, ки кай дасти ман сабук мешаваду ба имдоди ӯ мешитобам.
-Воқеан, чаро имиҷатро иваз намекунӣ?
-Як бор мӯйлабамро гирифтам, медонед чӣ ҳодиса рӯй дод?
-Намедонам. Канӣ, шунавем!
-Як рӯзи дароз дар шаҳр гаштам, вале ягон кас маро нашинохт. Барои ман ин «катастрофа»-и ҳақиқӣ буд. Аз ҳамон рӯз қасам хӯрдам, ки дигар ҳеҷ гоҳ мӯйлабамро намегирам.
-Мӯйлаб дар ҳақиқат виқору зиннати мард аст.
-Пас, бигзор Муҳаммадрафиро ҳама бо ана ҳамин мӯйлаби зебояш шиносанд! (механдад)
-Медонам, ки янга албатта рашк мекунад, донистан мехостам, ки Муҳаммадрафӣ ҳам рашк дорад ё не?
-Албатта дорам! Марде, ки рашк надорад, чӣ мард аст?! Зиндагие, ки дар он рашк нест, мисли хӯроки бе намак аст.
-Нозия дар як суҳбаташ иқрор шуда буд, ки замони кӯдакӣ падарамро ба бонувони ҳунарманд рашк мебурдам. Ҷиянҳояш ҳам мисли Нозия бадрашканд?
-Хурдӣ-ку не, вале эҳсос мекунам, ки духтарчаи калониам рашк дорад.
-Дар вуҷуди фарзандон ҳанӯз ҷавҳари истеъдодро пайхас накардаӣ?
-Ҳарсеашон ҳам ба санъат шавқу ҳавас доранд, вале ҳунарманд мешаванд ё касби дигарро интихоб мекунанд, инро танҳо вақт нишон медиҳад.
-Мабодо гапи янга бо модарат гурезад, тарафи кадомашонро мегирӣ?
-Аслан, то имрӯз байни модарам ва келинҳояш ягон нофаҳмӣ нашудааст, вале рафту чунин шавад, албатта ҷониби одами калонро мегирам. Модарам бо хоҳарам Нозия чи хеле, ки муносибат намояд, бо келинҳо ҳам айнан ҳамон хел муносибат мекунад, яъне модарвор. Ягон модар ба фарзандаш бадӣ намехоҳад. Агар чизе мегӯяд, ба он хотир мегӯяд, ки зиндагидориро ёд гиранд ва дар оянда азоб накашанд. Ман хушбахтам, ки чунин модар, чунин хоҳар ва чунин ҳамсару чунин мухлисони вафодор дорам!
-Дуо мекунем, ки ҳамеша чунин хушбахт бимонӣ.
-Ман аз фурсат истифода бурда, ҳамаи мухлисонамро рӯзи 9-май ба Амфитеатр даъват менамоям. Биёед, дари дили Муҳаммадрафии Кароматулло ба рӯйи шумо боз аст!
Ф. Сатторӣ.